17:31 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва падараш барои дастовардҳои бузурги варзишӣ дар Доғистон бо мукофоти олӣ қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Раҳбари Доғистон Владимир Василев ба қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва падараш Адбулманап Нурмуҳаммадов ордени "Барои хизмати шоиста ба Ҷумҳурии Доғистон" тақдим кард.

Дар ин бора котиботи раҳбари Доғистон хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки ин мукофоти олӣ ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва падараш барои дастовардҳои бузурги варзишӣ дода шудаанд.

Василев қайд кардааст, ки Ҳабиб ба куллии ҷаҳониён бартарияти мактаби самбои Русияро нишон дод ва ба размикор дар рақобати навбатӣ комёбиҳо таманно кард.

Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки падари варзишкори машҳур -  Абдулманап Нурмуҳаммадов, мураббии шоистаи Русия танҳо дар риштаи самбои ҷангӣ 18 қаҳрамони ҷаҳонро тарбия карда бо ин дастовардаш дар китоби рекорди Гиннес сабт шудаааст.

Ёдовар мешавем, ки варзишкори 31-солаи доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба рақобати навбатӣ ва ҳимояи камарбанди қаҳрамоӣ омодагӣ мебинад. 

18 апрели соли 2020 Ҳабиб дар Ню-Йорк бар зидди варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон ба октагон мебарояд.

Мавзӯъҳои асосӣ