22:16 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Қаҳрамонии Осиё оид ба футзал маротибаи 16-ум баргузор мешавад. Дар 15 давраи гузаштаи қаҳрамонӣ 12 маротиба мунтахаби Эрон, 3 маротиба Ҷопон ғолиб гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Санаи 6 - уми  декабр дар меҳмонхонаи “Олимпиа”-и шаҳри Ашқободи Туркманистон маросими қуръакашии Қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал доир гашт, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи қуръакашӣ тими мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон ба гурӯҳи "А" ворид шуданд.

Тоҷикистон дар футзал аз Олмон пештар будааст

Гуфта мешавад, дар Қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал, ки аз 26 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир мегардад, 16 дастаи беҳтарини қора дар чор гурӯҳ иштирок менамоянд.

Зимнан, 5 дастаи беҳтарин қораи Осиёро дар Қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи октябр дар Литва баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Туркия ба Душанбе меояд

Қаҳрамонии Осиё оид ба футзал маротибаи 16-ум баргузор мешавад. Дар 15 давраи гузаштаи қаҳрамонӣ 12 маротиба мунтахаби Эрон, 3 маротиба Ҷопон ғолиб гардидаанд.

Барчаспҳо:
Уммон, Ветнам, Туркманистон, Тоҷикистон, футзал

Мавзӯъҳои асосӣ