22:20 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии "CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019" ба кишвари Чин сафар кард, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

акс аз саҳифаи Кумитаи миллии олимпӣ

Ба иттилои манбаъ, сармураббӣ Усмон Тошев 22 футболбоз аз ҷумла, 2 дарвозабон, 5 дифоъгар, 10 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлаварро даъват намудааст.

Мусобиқа 8-14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо АМА 2 бозии рафиқона анҷом медиҳад

Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Барчаспҳо:
Чин, мунтахаби Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ