Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Чин сафар кард

© акс аз сафҳаи ФФТМунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Чин сафар кард
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Чин сафар кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии "CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019" ба кишвари Чин сафар кард, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Мунтахаби олимпии кишвар - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон маълум гардид

Ба иттилои манбаъ, сармураббӣ Усмон Тошев 22 футболбоз аз ҷумла, 2 дарвозабон, 5 дифоъгар, 10 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлаварро даъват намудааст.

Мусобиқа 8-14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо АМА 2 бозии рафиқона анҷом медиҳад

Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0