19:29 25 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
841 0 0

 Комроншоҳи Устопириён, варзишгари номвари тоҷик дар мусобиқаи “Мастерс” кишвари Чин, ки беҳтарин ҷудокорон аз саросари ҷаҳонро гирди ҳам оварда буд, мақоми панҷумро бо номи худ сабт кардааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Зимнан ин беҳтарин нишондод дар таърихи ҷудои тоҷик маҳсуб мешавад, ки Комроншоҳ ба даст овардааст.

Усто Устопириён падар ва мураббии ин варзишгар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, навори пирӯзии Комроншоҳро аз тариқи телевизион тамошо карда ва пай бурдааст, ки чигуна ӯ то охир тоҷикона ва бо ғайрати том муҳорибаҳо анҷом додааст.

Ҳарчанд, ба гуфтаи ин мураббӣ дасти Комроншоҳ қабл аз рафтан ба мусобиқаи “Мастерс” сахт лат бардошта буд.

"Қабл аз рафтан ба мусобиқаи Чин, мо дасти рости Комроншоҳро дар Олмон табобат намуда, чораҳои муваққатан боз доштани дард (блокровка болезн) ро анҷом додем. Ин кор то андозае барои хуб баромад кардани ӯ мусоидат намуд. Баъди чунин пирӯзӣ мо дарк кардем, ки Комроншоҳ дар роҳи интихобкардаи худ устувор аст ва барои баланд бардоштани шарафи миллат дар майдонҳои бузурги муҳориба, ҳунарнамоӣ хоҳад кард”, афзуд Усто Устопириён.

Дар шаҳри Синдаои кишвари Чин, мусобиқаи “Мастерс”, миёни ситораҳои ҷудои ҷаҳон баргузор шуд, барои аввалин бор дар он ба ҳисоби Комроншоҳи Устопириён чор варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов роҳҳат дарёфт намуданд.

Вале аз миёни тими Тоҷикистон, Комроншоҳ ягона ҷудокоре буд, ки мақоми панҷуми "Мастерс" - ро ба номи худ ихтисос дод.

Зимнан ин беҳтарин нишондод барои Федератсиюни ҷудо Тоҷикистон унвон мешавад.

Куштӣ: бозгашти Устопириён, дасткашии Саидҷалол ва мошингирии Хоҷазодаю Раҳимов - акс

Варзишгари дигари  тоҷик Беҳрӯз дар даври аввал намояндаи кишвари Туркия Билол Чилоғлуро шикаст дод, вале дар даври дуюм аз ҷудочии кишвари Аморати Мутаҳиддаи Араб Виктор Сквортсов шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд.

Дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ҳам дар даври аввал пирӯз шуда, пасон дар даври дуюм аз намояндаи Исроил Тоҳар Бутбул мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Бино ба иттилоъи ТВ “Варзиш” Комроншоҳ дар даври аввали мусобиқаи мазкур озод буда дар даври дуюм баъд пирӯзӣ бар муқобилӣ ҷудочии бразилӣ – Рафаэл Маркедо ба даври сеюм роҳ ёфтааст.

"Дар даври сеюм Комроншоҳ аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибашро дучори нокомӣ намуд. Дар даври ¼ ниҳоӣ Комроншоҳ аз рақиби сарсахти хеш Микаил Озерлери турк шикаст хурд. Комроншоҳ набардро дар даври тасаллобахш бар муқобили Сансиро Мураои ҷопонӣ бо пирӯзӣ ҷамъбаст кард. Сипас Комроншоҳи Устопириён рақобатро барои соҳи шудани медали биринҷии ин мусобиқаи муҳташами ҷаҳонӣ бар зидди Неманя Майдови сербиягӣ баргузор кард. Дар ин набарди тақдирсоз Комроншоҳ рақиби сербиягиаш мағлуб шуда, зинаи 5-умро ишғол кард", иттилоъ медиҳад ТВ “Варзиш” .

Бо чунин натиҷа Комроншоҳ 648 имтиёзи олимпиро дарёфт кардааст.

Усто Устопириён, падари варзишгар мегуяд, бо чунин нишондод Комроншоҳ акнун дар мусобиқаи Олимпӣ, ки баргузории он баъди ҳашт моҳи дигар дар назар аст иштирок хоҳад кард.

“Умедворем, ки Комроншоҳ дар мусобиқаи олимпӣ медал ба даст оварад”, гуфт, падар ва мураббии варзишгар Устопириён.

Барчаспҳо:
мусобиқа, Комроншоҳ Устопириён

Мавзӯъҳои асосӣ