Рушди вазнбардорӣ дар минтақаи Кӯлоб

CC BY 2.0 / Usodesita / Bench PressШтанга, архивное фото
Штанга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Кӯлоб риштаи вазнбардорӣ дар 2 мактаби варзишӣ тамрин дода шуда, дар ин гурӯҳҳо беш аз 150 нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон тамрин намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат меварзанд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар соли 2019 мураббиёни Муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 4-уми вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб асосан дар мусобиқаҳои байни наврасону ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ҳам байни писарон ва ҳам байни духтарон ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ шарафёб гардиданд, хабар дод телевизиони “Варзаш”.

Лекарственный препарат мельдоний, запрещенный Всемирным антидопинговым агентством - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои 4 варзишгари Тоҷикистон барои истифодаи допинг

Ин шабака аз қавли мураббиён таъкид кардааст, ки ноил шудан ба дастовардҳои варзишӣ ва зиёд гардидани мусобиқаҳои сатҳи баланд маҳз натиҷаи ғамхории давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ зикр кард, ки дар соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар маҷмуъ 3 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва якчанд мусобиқаҳои интихобӣ баргузор гардид, ки ба рушду густариши намуди вазнбардорӣ мусоидати созгор намуда, сафи варзишгарон дар ин риштаи варзиш афзун гардидааст.

Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб ҳадаф гузоштаанд, ки  ҷиҳати таъмини варзишгарон бо толор ва дигар лавозимоти варзишӣ дар соли 2020 аз имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд ва боз ҳам барои рушди ин риштаи олимпӣ саҳмгузор бошанд.

Лентаи хабарҳо
0