Макгрегор: Нурмуҳаммедов аз тарс "реванш" намехоҳад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкБоец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор
Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Конор Макгрегор охирин бор тирамоҳи соли 2018 вориди майдони набард шуд ва аз ҳарифи худ размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов шикаст хӯрд. Аз он замон то имрӯз Конор дар ҳасрати баргузор кардани рақобати такрорӣ бо Ҳабиб мебошад

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Размикори ирландӣ Конор Макгрегор изҳор намудааст, ки Ҳабиб аз ӯ сахт метарсад ва аз ин рӯ рақобати такрориро намехоҳад, хабар медиҳад MMA Fighting.

Ба гуфтаи Макгрегор ҳамаи ҷонибдорони ин намуд варзиш дар орзуи дидани боз як рақобати ӯ ва Ҳабиб мебошанд. 

"Ин рақобатро ҳама мехоҳанд, роҳбарияти UFC... ҳамаи мо... танҳо Ҳабиб намехоҳад, чун сахт метарсад. Вай аз ман мегурезад, вале роҳи пинҳон шуданро надорад. Ман дар интизори вохӯрӣ бо Ҳабиб ҳастам", - изҳор намудаст Конор Макгрегор.

Бояд гуфт, ки охирин бор Конор Макгрегор 6 - уми октябри соли 2018 вориди октагон шуд, вале аз ҳарифи худ размикори доғистонӣ шикаст хӯрд.

Хабиб Нурмагомедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Камарбанди 100 ҳазор доллараи Ҳабибро домоди Мирзиёев харид ё ҳадя гирифт?

Ҳарчанд Ҳабиб Нурмуҳаммедов ӯро бо роҳи буғӣ кардан мағлуб намуд, аммо Конор то ҳол дар орзуи баргузор шудани рақобати навбатӣ мебошад.

"Он рӯз наздик аст": Ҳабиб гуфт кай UFC - ро тарк мекунад - навор

Ҳабиб бошад, даъвати ӯро борҳо рад намуд ва изҳор дошт, ки зарурати баргузор кардани муҳорибаи такрориро намебинад.

Зимнан, размикори ирландӣ рӯзи 18 - уми январи соли ҷорӣ дар Лас- Вегас бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Серроне вориди муҳориба мешавад.

Ҳамзамон, Ҳабиб низ рӯзи 19 - уми апрел дар Амрико барои ҳифзи камарбанди қаҳрамонӣ дар вазни сабук бо Тони Фергюсон рақобат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0