Тими "Истиқлол" омодагиашро ба Лигаи Қаҳрамонҳо оғоз кард

© ФФТ РТЗащитник таджикского футбольного клуба "Истиклол" и сборной Таджикистана Сиёвуш Асроров
Защитник таджикского футбольного клуба Истиклол и сборной Таджикистана  Сиёвуш Асроров   - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими "Истиқлол" барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо дастаҳои "Қоқанд - 1912" ва "Пахтакор" ба шаҳри Тошканди Узбакистон сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дар доираи омодагӣ ба марҳилаи дуюми интихобии Лигаи Қаҳрамонҳои  КФО-2020 ду бозии рафиқона баргузор мекунад.

Футбольный клуб Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Сабқат барои Ҷоми конфедератсияи Осиё: “Хуҷанд” тими “Истиқлол”-ро шикаст дод

Санаи 6-уми январ ҳайати пурраи дастаи "Истиқлол" ба шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои анҷом додани машқҳои дуҳафтаина сафар мекунад. Баъдан барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо дастаҳои "Қоқанд-1912" (9 январ) ва "Пахтакор" (13 январ) ба шаҳри Тошканди Узбакистон сафар мекунад.

“Истиқлол” тими “Истаравшан”-ро голборон кард

Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи дуюми интихобии Лигаи Қаҳрамонҳои  КФО-2020 байни дастаҳои "Истиқлол" ва "Локомотив" санаи 21-уми январ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Барои баромадан ба даври гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳо дастаи "Истиқлол"-ро мебояд, ки тими "Локомотив"-ро шикаст дода, пасон рӯзи 28-уми январ дар даври плей-офф дастаи "Ал-Аҳлӣ"-и Арабистони Саудиро аз сари роҳаш дур кунад.

Лентаи хабарҳо
0