Ҳабиб Нурмуҳаммедов дигар Конор Макгрегорро рақиби худ намедонад

© REUTERS \ Stephen R. SylvanieБой Макгрегор - Нурмагомедов
Бой Макгрегор - Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи расмии Ҳабиб Нурмуҳаммедов варзишкори маъруфи Русия суханони Конор Макгрегор, ки гӯё Ҳабиб аз ӯ метарсад, тавзеҳ додааст

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Варзишкори машҳури Русия дар бахши муҳорибаҳои омехта ҳатто дар фикри рақобати такрорӣ бо Конор Макгрегор нест, гуфт намояндаи расмии варзишгар Али Абдулазиз.

“Рақобат бо Конор дар нақшаҳои мо нест”,- гуфт Абдулазиз дар суҳбат бо TMZ.

Намояндаи Нурмуҳаммедов ҳамчунин илова кард, ки Макгрегор метавонад дар рақобати ояндаи хуб бо варзишгари амрикоӣ Доналд Серроне мағлуб шавад.

Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон
Макгрегор: Нурмуҳаммедов аз тарс "реванш" намехоҳад

Бояд гуфт, ки охирин бор Конор Макгрегор 6 - уми октябри соли 2018 вориди октагон шуд, вале аз ҳарифи худ размикори доғистонӣ шикаст хӯрд.

Ҳарчанд Ҳабиб Нурмуҳаммедов ӯро бо роҳи буғӣ кардан мағлуб намуд, аммо Конор то ҳол дар орзуи баргузор шудани рақобати навбатӣ мебошад.

Ҳабиб бошад, даъвати ӯро борҳо рад намуд ва изҳор дошт, ки зарурати баргузор кардани муҳорибаи такрориро намебинад.

Зимнан, размикори ирландӣ рӯзи 18 - уми январи соли ҷорӣ дар Лас- Вегас бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Серроне вориди муҳориба мешавад.

Ҳамзамон, Ҳабиб низ рӯзи 19 - уми апрел дар Амрико барои ҳифзи камарбанди қаҳрамонӣ дар вазни сабук бо Тони Фергюсон рақобат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0