06:29 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
296 0 0

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо мебоист соли оянда дар Австрия баргузор мешуд, вале ба далели танишҳои коррупсионӣ, Вена аз баргузории ин мусобиқа даст кашид ва ҳамакнун он дар Узбакистон доир мегардад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Интизор меравад, соли 2021 мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба дзюдо дар шаҳри Тошканди Узбакистон  баргузор шавад, ки дар ҷараёни он беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ муайян мешаванд,хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Қаблан мизбони ин мусобиқаи ҷаҳонӣ пойтахти Австрия шаҳри Вена интихоб шуда буд, вале ба далели танишҳои коррупсионӣ, ин кишвар аз доир намудани мусобиқа даст кашид.

Зимнан, рӯзи 15 - уми январ Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) ва Федератсияи дзюдои Узбакистон барои баргузории Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон дар соли оянда, созишнома ба имзо расониданд.

Сомон барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷиддан тамрин мекунад

Созишнома зимни сафари президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ба Узбакистон бо раиси Федератсияи дзюдои ин кишвар Азизҷон Комилов дар Кумитаи миллии олимпии Узбакистон имзо шуд.

Ҳамчунин, бори аввал дар таърихи дзюдо IJF ва Федератсияи байналмилалии варзиши нобиноён (IBSA) ба нақша гирифтаанд, ки Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар соли 2021-ро якҷо гузаронанд. Мусобиқоти IBSA пас аз анҷоми Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо доир хоҳад шуд.

Амри Президент барои додани қариб 1 миллион сомонӣ ба 42 варзишгар

Баргузории Қаҳрамонии  ҷаҳонии дзюдо соли 2022 дар Будапешт ва соли 2023 дар Доҳа ба нақша гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
дзюдо, қаҳрамонии ҷаҳон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ