23:47 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
424110

Абдулманап Нурмуҳаммадов, падари Ҳабиб - қаҳрамони UFC, шарти рақобати такрории писараш бо Конор Макгрегор, размикори ирландиро пардохти 100 миллион доллар гуфт

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Агар 100 миллион доллар пардохт кунанд, омодаем рӯзи дигар баъди сабқат бо Тонӣ Фергюсон, зӯрозмоии такрорӣ – реваншро бо Макгрегор баргузор кунем, изҳор доштааст Абдулманап Нурмуҳаммадов ба РИА Новости.

“Ба мо ҳам реванш зарур, танҳо 100 миллион долларро бояд пардохт кунанд. Ин пулро диҳеду рӯзи дигар баъди сабқат бо Фергюсон реванш баргузор мешавад, чаро не. Шояд Дэйна Уайт мехоҳад бо чунин маблағ зӯрозмоӣ ташкил кунад”, - изҳор доштаст Нурмуҳаммадови калонӣ.

Ӯ дар мавриди пирӯзии Макгрегор бар Доналд Серроне дар 40 сония гуфтаст, интизор дошт, ки ин сабқат дар даври аввал анҷом меёбад, чун Серроне омода набуду то ин сабқат ҳам ӯро ҳама кӯфтаанд.

Рақиби навбатии Макгрегор Нурмуҳаммадов мешавад - президенти UFC

Дэйна Уайт, президенти UFC дар пайи пирӯзии Макгрегор ошкоро майлаш ба баргузории сабқати такрории ӯ бо Ҳабибро баён дошта, таъкид намуд, ки онҳо ҳамдигарро чашми дидан надоранд.

“Конор медонад, ки ба сабқати аввал бо Ҳабиб ба дараҷаи 100 дарсадӣ омода набуд ва девонавор хостори реванш аст. Мо ин сабқатро дар сатҳи зӯрозмоии Марвин Хаглер — Томас Хирнс, Моҳаммад Алӣ — Ҷорҷ Форман, Алӣ — Ҷо Фрейзер медонем", - изҳор дошт Уайт.

Раҳбари UFC бовар дорад, ки реванш бо варзишкори ирландӣ "барои мероси Нурмуҳаммадов бисёр муҳим аст".

"Ӯ Конорро зад. Агар ӯ Тонӣ Фергюсонро мағлуб кунад ва боз Конорро шикаст диҳад, фаъолияти варзишияшро бо пирӯзӣ бар беҳтаринҳо, бо ҳисоби 30:0 (30 пирӯзӣ ва ягон мағлубият - шарҳ аз идора) метавонад анҷом диҳад. Ин кори бесобиқа мешавад", - изҳор дошт Уайт.

Ба суол дар мавриди тақдири реванш дар сурати шикасти Ҳабиб аз Тонӣ Фергюсон президенти UFC изҳор дошт, ки “Конор мехоҳад, камарбандро баргардонад, бинобар ин бо қаҳрамон зӯрозмоӣ хоҳад кард”.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов соли 2018 дар доираи рақобати UFC 229 Конор Макгрегоро мағлуб карда буд.

Барчаспҳо:
Ҳабиб, сабқат, ИМА, Макгрегор

Мавзӯъҳои асосӣ