01:49 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
688 0 0

Қаҳрамни ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков нахуст рақобати худ дар мусобиқаи "Telaviv Grand Prix-2020" бо ғолибият оғоз кард

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар ин риштаи варзиш миёни ҷавонон, Сомон Маҳмадбеков феълан дар Исроил қарор дорад ва дар мусобиқаи Гран - При Тел -Авив ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, нахустин рақобатро Сомон бо пирӯзӣ анҷом дод. Сомон дар вазни 73 кило, рақиби худ Александр Раикурои руминиягиро шикаст дод.

Дар даври навбатӣ Сомонпаҳлавон бо Ҷовани Эспосито аз Италия вориди қувваозмоӣ мешавад.

Сомон барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷиддан тамрин мекунад

Зимнан, даври нахустини мусобиқаи "Telaviv Grand Prix-2020" барои як намояндаи дигари Тоҷикистон низ бо ғолибият анҷом ёфт.

Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони шинохтаи тоҷик ду рақиби худ, ки яке Евгений Прокапчук аз Русия ва дигаре Смагулов аз Қазоқистон буданд, ҳар дуро шикаст дод.

Сомон Маҳмадбеков беҳтарин варзишгари ҷавон дар соли 2019 эълон шуд

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусоиқаи ммазкур  Давлаталӣ Назаралиев, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов муаррифӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
пирӯз, мусобиқа, Сомон Маҳмадбеков

Мавзӯъҳои асосӣ