Пирӯзии бонуҳои футболбози Эрон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Душанбе

© Федерация футбола ТаджикистанаСборная Душанбе на турнире по футзалу среди девушек до 19 лет
Сборная Душанбе на турнире по футзалу среди девушек до 19 лет - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонуҳои футболбози Эрон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар ҷумҳурии Тоҷикисон соҳиби мақоми аввал шуданд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 2020 – “АФОМ” дар риштаи футзал миёни духтарони то 19-сола дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии тими Эрон ба анҷом расид, хабар додаст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Нимҳимоятгари "Барселона" тарки даста кард

Манбаъ афзуд, дар доираи чемпионат 15 бозӣ баргузор шуд. Мусобиқаи тибқи системаи даврӣ дар як давр доир гашт.

Бархурди рақибон ба футболбозе, ки ҳиҷоб аз сараш поён шуд ҳамаро ҳайратзада кард - навор

“Тими бонувони Эрон, ки ғолиби чемпионат гардид, дар ҳар 5 бозӣ пирӯз гашт. Медалҳои нуқра насиби тими бонувони Узбекистон шуд, ки 12 хол ба даст овард. Ҷои сеюмро тими Туркманистон бо 9 хол сазовор гардид”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.

Тими бонувони ҷавони Тоҷикистон бо 1 хол ҷои 5-умро ишғол кард. Дар сабқати футболбозбонувони Тоҷикистону Эрон дастаи меҳмон бо ҳисоби 15:0 пирӯз гашт.

Лентаи хабарҳо
0