"Нефтчӣ" - рақиби тими "Хуҷанд" дар даври навбатии Ҷоми Конфедератсияи Осиё-2020

© © SPUTNIK / ТАБЫЛДЫ КАДЫРБЕКОВРақобати мунтахаби футболи Тоҷикистон
Рақобати мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳарифи дастаи футболи “Хуҷанд” дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 маълум шуд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тими “Хуҷанд”, ноиб-чемпиони Тоҷикистон, дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футбол бо ғолиби Ҷоми Қирғизистон – тими “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ата бозӣ мекунад.

Алишер Джалилов - Sputnik Тоҷикистон
ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2019-ро эълон кард

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими “Аҳал”-и Туркманистон барои ҳозир нашудан ба бозии марҳилаи аввали Ҷоми КФО-2020 муқобили “Нефтчӣ”, ки бояд 5 феврал дар Ҷалолобод доир мегашт, аз мусобиқа берун карда шуд.

Манбаъ афзуд, дар даври плей-оффи Ҷоми КФО-2020 барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ва “Хуҷанд”-и Тоҷикистон талош мекунанд.

Анҷоми нахустин сафари "Суғдсинамо" ба Маскав - навор

Бозии аввали дастаҳо 19 феврал дар Ҷалолобод, бозии ҷавобӣ 26 феврал дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба иттилои Кумита, дар сурати пирӯзӣ дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Дордой”-и Қирғизистон бозӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0