20:21 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Манбаъ мегӯяд, баъди анҷоми дидор яккачини кишвар ба Тоҷикистон меоян ва барои мусобиқоти Осиё-2020 омодагӣ мегиранд, ки муҳлати баргузории он бо сабаби пайдоиши “коронавирус” ба ақиб гузошта шуда буд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои ду рақобати дӯстона вориди шаҳри Даммами Арабистони саудӣ шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода мегӯяд, яккачини кишвар баъди ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “SAT International Futsal Championship 2020”, ки дар  Банкок доир гашт, ба шаҳри Даммаи Арабистони Саудӣ омад.

 Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстонаи яккачини кишвар бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Қувайт санаи 12-13 феврал доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ чккачини кишварро муттахасиси гурҷӣ Александ Дзабирадзе роҳбарӣ мекунад.

Ҳайати тими миллии кишвар аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов (“Фарватер”, Қирғизистон), Муродулло Алиқулов (“Соро компания”);

Бозигарони майдон: Файзали Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (“Фарватер”, Қирғизистон), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (“Спартак”, Қирғизистон), Дилшод Саломов, Шавқат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Раҳмонали Шарипов, Собирҷон Гуляков (“Сипар”), Қувватбек Равшанбеков (“Помир”).

Тибқи қуръакаши яккачини кишвар дар ҷоми Осиё-2020 бо тимҳои Туркманистон,  Ветнам, Умон дидор хоҳад кард.

Панҷ ғолиби мусобиқоти ҷоми Осиё-2020 барои ширкат дар нуҳумин мусобиқоти ҷоми ҷаҳон оид ба футзал, ки 12 сентябр дар Литва доир мешавад, ширкат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
футзал, бозии дӯстона, Арабистони Саудӣ, Таджикистан

Мавзӯъҳои асосӣ