18:46 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
401 0 0

Садри ҷадвали раддабандиро, ки муддатҳои тулонӣ Ҷон Ҷонси амрикоӣ соҳиб буд, тарк кард ва ин зинаро ҳамакнун Нурмуҳаммадов соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, дар садри ҷадвали раддабандии сомонаи машҳури Sherdog, ки ҷадвали варзишкорони муҳорибаҳои омехтаро таҳия мекунад, қарор гирифтааст.

Ин сомона дар шарҳи нави раддабандияш гуфтааст, ҷадвали мазкур новобаста аз вазну дараҷа сурат мегирад.

Баъди муддати тӯлонӣ бори нахуст, варзишкори амрикоӣ Ҷон Ҷонс аз садри аввал раддабандӣ канор рафта, дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст.

Дар зинаи сеюми раддабандӣ бошад  Генри Сехудо қарор гирифтааст.

Таҳиягарони раддабандӣ Тони Фергюсон, рақиби навбатии Нурмуҳаммедовро дар зинаи ҳаштум қарор додаанд.

Абдулманап Нурмагомедов, падар ва мураббии  ин уқоби доғистонӣ ин муваффақияти писарашро шарҳ дода, таъкид кард, ки "раддабандиҳо тағйир меёбанд", бинобар ин вазифаи асосӣ ин аст, ки "мавқеи аввалро нигоҳ дошт".

Арзиши гаронтарин чипта ба муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон маълум шуд

Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар шарҳи ин раддабанди дар саҳифаи инстаграмааш навиштааст: "Федор Емеляненко давоми солҳои 2003-2008 дар зинаҳои 1 ва 3-и ин ҷадвал қарор дошт. Ҳоло дар Русия бисёр варзишгорарони хубанд, аз қабили Пётр Ян , Ислом Махачев, Забит Муҳаммадшарипов , Муҳаммад Анкалаев  ва Александр Волков ки метавонанд ин анъанаро идома диҳанд”.

Ёдовар мешавем, ки Нурмуҳаммадов баъди мағлуб сохтани Дастин Пореи амрикоӣ дар зинаи дуюми рейтинги умумии Чемпионати Мутлақи  (UFC) новобаста аз вазн, қарор гирифта буд.

Барчаспҳо:
размикор, ММА, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ