17:58 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Бозии санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Гурҷистон – “U-19” дар риштаи футбол мусовӣ– 0:0 анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ин аввалин бозии санҷишии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар доираи ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Анталияи Туркия мебошад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар Анталия тими ҷавонони Тоҷикистон боз се бозии дигари санҷишӣ доир менамояд. Ҳарифони навбатии футболбозони тоҷик баъдтар муайян мегарданд.

“Ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия барои тими ҷавонони кишвар як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-31 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

"Вируси тоҷдор" замони баргузории Қаҳрамонии Осиё - 2020 оид ба футзалро лағв кард

Ин дар ҳолест, ки ахиран тамрини мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16” дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расида буд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мунтахаби наврасони тоҷик дар шаҳри Анталия 4 бозии дӯстона анҷом дода, бар бозигарони тими Олмон пирӯз шуданд.

Барчаспҳо:
мусовӣ, Футбол, Гурҷистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ