16:14 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Шаҳром Самиев, ҳамлагари дастаи "Истиқлол" бо либоси дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш маротиба вориди майдон шуда, ду гол задааст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ҳамлагари 19-солаи дастаи  мунтахаби Тоҷикистон  ва дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе  Шаҳром Самиев  бо дастаи "Рубин"-и шаҳри Қазони Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба ФФТ.

Тибқи иттилои манбаъ, Шаҳром Самиев фаъолияташро дар дастаи ҷавонони "Рубин" идома медиҳад.

Шаҳром Самиев бо либоси дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш маротиба вориди майдон шуда, ду гол задааст.

Пештар хабар дода шуд, ки  Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари 29 солаи тими мунтахаби Тоҷикистон карераашро дар дастаи индонезиягӣ идома медиҳад.

Давронов минбаъд дар ҳайати дастаи “Борнео”-и Индонезия бозӣ хоҳад кард.

Тими "Истиқлол" омодагиашро ба Лигаи Қаҳрамонҳо оғоз кард

Мутобиқи шартномаи ба қарибӣ имзошуда, Нуриддин Давронов  давоми як сол дар ҳайати “Борнео”  таҳти рақами 8 ба майдон хоҳад баромад.

Нуриддин Давронов солҳои гуногун дар дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) “Слобода” (Сербия), “Дунав” (Булғория), “Мадура Юнайтед” (Индонезия) ва “Оман” (Оман) бозӣ кардааст.

Давронов дар ҳайати яккачини кишвар шурӯъ аз соли 2008 ҳунарманоӣ карда, дар ин муддат дар 50 бозӣ иштирок кардааст.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ