Футболбозони толории тоҷик баъди пирӯзӣ бар тимҳои Саудӣ ва Қувайт ба Душанбе меоянд

© сомонаи FFT.tjМунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт
Мунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дастаи мунтахаби футзали кишвар силсилаи бозиҳои рафиқонаашро дар моҳи феврал ба анҷом расонд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ин бозиҳо барои дастаи Тоҷикистон, шогирдони мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 дар Ишқобод маҳсуб меёбанд, хабар додаст Кумитаи миллии олимпӣ.

Рақобати мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
"Нефтчӣ" - рақиби тими "Хуҷанд" дар даври навбатии Ҷоми Конфедератсияи Осиё-2020

Манбаъ афзуд, аз ҷумла, футболбозони Тоҷикистон дар шаҳри Даммом муқобили дастаҳои мунтахаби футзали Арабистони Саудӣ ва Қувайт ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳар ду ғалаба карданд.

“Бозӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ 12 феврал баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони мо анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Рустам Ҳомидов ва Иқбол Воситзода ба ҳадаф расониданд”, - тавзеҳ дод Кумита.

Ин ниҳод илова намуд, ки 13 феврал, дар бозии дигари дӯстона футболбозони толории Тоҷикистон муқобили мунтахаби Қувайт ба майдон баромада, бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардиданд. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Баҳодур Хоҷаев, Умед Кузиев ва Собирҷон Гулаков ба номашон сабт карданд. Як голи дигарро кувейтиҳо худашон ба дарвозаашон задаанд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзудааст, ки акнун дастаи футзали кишвар ба Душанбе баргашта, омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 идома медиҳад.

Тими футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Ишқободи Туркманистон доир мегардад, дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0