Размикори UFC рақибашро бераҳмона нокаут карду Ҷон Ҷонcро ба октагон хонд - видео

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкВид на арену стадиона
Вид на арену стадиона  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дуюмин рақобати варзишкорони лаҳистонӣ ва амрикоӣ мебошад. Ин бор Блахович бо рақиби қадимии худ реванш кард

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шаби 16 феврал дар шаҳри Рио-Ранчо сабқати UFC Fight Night 167, баргузор шуд. Рақобати асосии ин шаб муҳорибаи Ян Блахович ва Кори Андерсон буд.

Рақобат аллакай дар даври аввал анҷом ёфт. Балахович бо як мушти сангин рақибашро нокаут кард.

Даррав пас аз анҷоми рақобат варзишкори лаҳистонӣ канор омада ба шоҳи UFC дар вазни миёна - Ҷони Ҷонс, луқма партофт. Ӯ ба қаҳрамон гуфт, рақобати навбатӣ бояд бо ӯ бошад.

Ҷонсон аз ҷояш ҷаҳида пешниҳоди Балаховичро хуш қабул кард.

​Ин дуюмин рақобати варзишкорони лаҳистонӣ ва амрикоӣ мебошад. Ин бор Блахович бо рақиби қадимии худ реванш кард. Моҳи сентябри соли 2015 варзишкори амрикоӣ Кори Андерсон рақиби лаҳистониашро бо қарори доварон мағлуб карда буд.

Лентаи хабарҳо
0