00:21 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
245 0 0

Виталий Левченко, собиқ муҳофизагари яккачини Тоҷикистон сармурабии дастаи “Истиқлол”-и пойтахт таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Виталий Левченко дар ин мақом Алишер Тухтаевро иваз кард, ки то ин замон ба ҳайси иҷрокунандаи сармураббии “Истиқлол” буд.

Дар ин бора сомонаи бошгоҳ итилоъ дода гуфтааст, шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббии нав то охири соли ҷорӣ баста шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба мураббии нав барои омода сохтани “Истиқлол” Алишер Тухтаев ва Анвар Норқулов собиқ нимҳимоятгари даста  кумак хоҳанд кард.

Виталий Григоревич Левченко, 23 марти 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, дастпарвари мактаби футболи маҳаллӣ аст. Ба ҳайси бозигар дар дастаҳои “Хуҷанд”, дастаҳои украинӣ “Динамо”, ССКА (Киев), “Таврию”,- Симферопол, бошгоҳҳои русии “Волгар” (Астрахан), “Спартак” (Кострома), “Динамо” (Ставропол), “Урал” (Екатеринбург) ва ҳамчунин дар тими чинии “Чан чун Ятай” бозӣ кардааст.

Виталий Левченко дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон даҳ бозӣ анҷом додааст.

Тими "Истиқлол" омодагиашро ба Лигаи Қаҳрамонҳо оғоз кард

Номбурда ба ҳайси мураббӣ  дастаҳои  украинии “Княжа” (Борисполская област), “Еднист” (Черниговская област), “Десна” (Чернигов), тамрин додааст. Ӯ ҳамчунин дар гузашта ёрдамчии сармурабии яккачини ҷавонони Украина, ёвари сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, сармурабии тими наврасони Тоҷикистон (U-19), сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор ва охирин бор дар дастаи “Хуҷанд” фаъолият дошт.

Барчаспҳо:
тамрин, бозигар, Сармураббӣ, тими "Истиқлол"

Мавзӯъҳои асосӣ