09:42 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
19310

Дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, ки феълан Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштин идома дорад, нахустин медалро аз ин мусобиқа ба Тоҷикистон Мубинҷон Ахмедов ихтисос дод

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ба иттилои котиботи Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи аввали мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Деҳлӣ варзишгари тоҷик ба гирифтани медали биринҷӣ муваффақ гардид.

Мубинҷон дар вазни 63 кг - и гуштини юнонӣ-римӣ дар чорякфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинсеуб Сонг, ки медали нуқра ба даст овард, мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Кувейт Муҳаммад Алаҷмӣ ғалаба кард. Дар ин вазн варзишгари Узбекистон Элмурод Тосмуродов ғолиб шуд.

Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа озими Марокаш шуданд

Медали дигари биринҷиро намояндаи Эрон соҳиб гардид.

Дар рӯзи аввал, ҳамчунин ду варзишгари тоҷик  Муслиҳиддин Уроқов  ва Суҳроб Абдулҳаев гуштин гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд.

Имрӯз қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ дар 5 вазни дигар идома меёбад. Варзишгарони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов, Зайниддин Қамаров, Лоиқ Амирхонзода ва Мирзоамин Сафаров дар  4 вазн гуштин мегиранд.

Мавзӯъҳои асосӣ