Аз Порис ба Олмон: иштироки 11 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо

© Международная федерация дзюдоТаджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар шаҳри Дюссердорфи Олмон 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Ҷамъан дар ин мусобиқа иштироки 121 мамлакати ҷаҳон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Аз  21 то 23  - юми  феврал  дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон мусобиқаи байналмилалии  "Dusseldorf Grand Slam 2020" оид ба дзюдо баргузор мешавад. 

 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Бори нахуст 4 варзишгари тоҷик ба Федератсияи байналмилалии дзюдо роҳхат гирифтанд

Дар мусобиқаи  мазкур  иштироки 802  нафар варзишгарон, аз ҷумла 471 мард ва 331 зан аз 121 мамлакати  ҷаҳон  дар назар аст.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 11 варзишгар муаррифӣ мекунанд.

Зимнан, бояд тавзеҳ дод, ки ду паҳлавони  шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо "Paris Grand Slam 2020", ки дар шаҳри Порис баргузор гардид, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд.

Сомон Маҳмадбеков аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. 

Ба иттилои   Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар "Paris Grand Slam 2020"  683 нафар варзишгарон  аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд.

Лентаи хабарҳо
0