13:49 14 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.21
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 20-уми феврал нашр шуд, мавқеашро тағйир надодааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бар пояи раддабандии нав, мунтахаби футболи кишвар, бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд.  Дар раддабандии КФО бошад, яккачини кишвар мақоми 22-юмро соҳиб гаштааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон мақоми беҳтарро соҳиб гашта, дар зинаи 85-уми раддабанди қарор гирифтааст. Ҳамин тариқ Қазоқистон 118, Қирғизистон 122 ва Туркманистон дар зинаи 129–ум ҷой гирифтаанд.

Русия бошад, бо 1470 хол дар зинаи 38-и раддабандӣ нишастааст.

Дар садри раддабандӣ бо 1765 имтиёз Белгия қарор дорад. Франсия бо 1733 имтиёз дар ҷойи ду ва Бразилия бо 1712 имтиёз  ҷойи сеянд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Барчаспҳо:
Футбол, Тоҷикистон, мунтахаб, ФИФА

Мавзӯъҳои асосӣ