05:49 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
160 0 0

Рақибони паҳлавонони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо таҳти унвони “Düsseldorf Grand Slam-2020”  (“Тоскулоҳи бузурги ҷудо”) муаянд гашт

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Рақобатҳо миёни паҳлавонон имрӯз оғоз гашта то 23 феврал идома хоҳад кард.

Тибқи ҷадвали рақотбатҳо, имрӯз варзишгарони кишвар Муҳаммадаюб Мирзозода бо  Франтсиско Гарригоси испонӣ дар вазни 60 кило вориди майдон мешаванд.

Ҳамчунни имрӯз дар вазни 66 кило Ҷамолиддин Абдуллоев бо Дийого Сезар аз Гвинея-Бисау рақобат хоҳад кард.

Рақобати Беҳрӯзи Хоҷазода бо Тсенд-Очир Тсогтбаатари манголӣ дар вазни 73 кило фардо доир мегардад.

Инчунин фардо  Сомон Маҳмадбеков бо ғолиби рақобати Энтони Бушар (Канада)  ва Вадим Шока (Белорус) дидор хоҳад кард.

Ҳақназар Назаров бошад бо  Тимо Кавалеуси олмонӣ ва  Акмал Муродов бо Владимир Золоеви қирғиз дар вазни 81 кило зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Дар рӯзи сеюми рақобатҳо, 23 феврал бошад варзишгарони кишвар дар вазнҳои 90-100 кило ба майдон хоҳанд омад.

Дар ин рӯз Сиротулло Икромов бо Давлат Бобонови узбек, Комроншоҳ Устопириён бо Клен-Кристофер Калюлайди эстонӣ ва дар вазни 100 кило  Саидҷалол Саидов бо Матиаси даниягӣ ва  Хуршед Маҷидо бо Ҷозе Луис Арройҳ Осорио аз Перу зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Паҳлавон: Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо шуд

Дар мусобиқаи  мазкур  иштироки 802  нафар варзишгарон, аз ҷумла 471 мард ва 331 зан аз 121 мамлакати  ҷаҳон  дар назар аст.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 11 варзишгар муаррифӣ мекунанд.

Ба иттилои   Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар "Paris Grand Slam 2020"  683 нафар варзишгарон  аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд.

Барчаспҳо:
вазн, зӯрозмоӣ, рақобат, ҷудо

Мавзӯъҳои асосӣ