Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

© Национальный олимпийский комитет РТ Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо
 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Рабат пойтахти Марокаш, ки мусобиқаи "Rabat Grand Prix 2020" баргузор мешавад, варзишгарони Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи муҳташами "Rabat Grand Prix 2020" 7 ҷудочӣ муаррифӣ мекунанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмиллалии ҷудо, дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ аз 95 кишвари қора  646 варзишгар иштирок мекунанд.

Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Аз Порис ба Олмон: иштироки 11 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо

Мусобиқаи "Rabat Grand Prix 2020" аз 6 то 8 - уми марти соли равон лар шаҳри Рабат пойтахти Марокаш баргузор мегардад.

Ҳафт намояндаи Тоҷикистон аз ҷумла Орифҷон Додоев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов дар ин мусобиқа бо ҳарифони худ қувва меозмоянд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти "Dusseldorf Grand Slam 2020", ки аз 21 то 23 - юми феврал дар шаҳри порис баргузор гардид, ба нокомии варзишгарони тоҷик анҷомид.

Бори нахуст 4 варзишгари тоҷик ба Федератсияи байналмилалии дзюдо роҳхат гирифтанд

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 варзишгари ҳирфаӣ муаррифӣ намуданд.

Нишондодҳои беҳтари варзишгарони кишвар дар ин мусобиқот аз Шакармамад Мирмамадов ва Комроншоҳи Устопириён буд, ки яке дар даври саввум ва дигаре дар жаври дуюм дучори шикаст шуданд.

Паҳлавонони  дигари кишвар, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов, Сиротулло Икромов, Саидҷалол Саидов дар даври аввали рақобатҳои худ мағлуб гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0