23:17 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
231 0 0

Бозии дастаҳои "Хуҷанд" - и Тоҷикистон ва "Нефтчӣ" - и Қирғизистон, ки имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гашт, ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тими "Хуҷанд" - и Тоҷикистон дастаи ҳарифаш, тими "Нефтчӣ" - ро бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб намуд. Мусобиқаи ду даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе имрӯз, 26 - уми феврал баргузор гардид ва ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш" ҳисобро дар дақиқаи 34 - ум футболбози дастаи "Хуҷанд" Дилшод Бозоров кушод.

Се голи беҷавоби тими "Хуҷанд"-ро Дилшод Бозоров капитани даста ба ҳадаф расонид.

Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи "Нефтчӣ" хотима ёфта буд, ба дастаҳо вақти иловагӣ дода шуд.

Футболбозони тоҷик тавонистанд дар фурсати иловагӣ боз ду голи дигарро вориди дарвозаи ҳариф кунанд.

"Нефтчӣ" - рақиби тими "Хуҷанд" дар даври навбатии Ҷоми Конфедератсияи Осиё-2020

Ҳар ду голро дар дақиқаҳои 107 ва 119 футболбози ҳирфаии даста Дилшод Бозоров ба самар расонд. Ҳамин тариқ дастаи "Хуҷанд" - и Тоҷикистон имкон пайдо намуд, то дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО - 2020 иштирок кунад.

Никола Лазаревич, сармураббии тими "Хуҷанд" дар як нишасти хабарӣ, ки пеш аз бозӣ доир шуд, дар бораи шикасташон дар бозии қаблӣ бо "Нефтчӣ" гуфт, аз натиҷаи бозӣ қаноатманд набуд ва ҳолати майдони мизбонон низ имкон надод, то нақшаҳояшонро амалӣ созанд. Ӯ гуфт ба бозигаронаш эътимод дорад ва умедвор аст бозигаронаш дар майдон аз рӯи нақшаҳои кашидаашон бозиро пеш мебаранд.

Барчаспҳо:
ғолиб, тими Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ