20:10 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
9610

Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи "Хуҷанд-"и Хуҷанд хотима ёфт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии  Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 байни дастаҳои футболи "Хуҷанд"-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва "Нафтчӣ"-и Қирғизистон баргузор шуд. 

Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, вохӯрии дастаҳо  пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби  3:0 ба нафъи дастаи  "Хуҷанд"-и Хуҷанд  хотима ёфт.

Аз дастаи "Хуҷанд" дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисобро боз карданд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи  футболи  "Нафтчӣ" хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид.

Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигарро ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  ворид кард.

Барчаспҳо:
Қирғизистон, Футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ