Аз гардиши Товус то "Наврӯзгоҳ": замони баргузории марафони велосипедронӣ маълум шуд

© Sputnik / StringerДень национального бега в Душанбе
День национального бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Макони баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ аз гардиши Товус то "Наврӯзгоҳ" таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзи 14 - уми марти соли ҷорӣ дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ баргузор мегардад.

Национальный день бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Эълон: пагоҳ дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ доир мегарданд

Ин иқдом дар заминаи дастур ва супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҳамзамон дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, макони баргузории мусобиқаҳои мазкур  дар шаҳри Душанбе аз гардиши Товус то "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт ва вақти баргузории онҳо  аз соати 8:00 то 10:00 муқаррар шудааст.

Ҳушдори шаҳрдории Душанбе аз роҳбандии чорсоата дар рӯзи марафони велосипедронӣ

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкурсоли сеюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0