05:28 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
264 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки бар “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ғолиб омад, сад ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар ин бора Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раиси вилоят 100 ҳазор сомониро барои ҳавасмандгардонии бозигарон ҷудо кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи даста Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, соҳибкоронро низ ҷалб хоҳад кард.

Номбурда гуфт, маблағи мазкур миёни кулли ҳайати даста тақсим карда мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи "Хуҷанд" дар охирин рақобаташ дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 тими “Нефтчӣ”-и Қирғизистонро бо ҳисоби калони 3-0 шикаст дода ба даври гуруҳии рақобатҳои ин мусобиқот роҳ ёфт. Се голи беҷавоби дастаро дар ин бозӣ капитани даста Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонид.

Ҳамакнун, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 “Хуҷанд” дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Раиси вилояти Суғд қаблан барои дастгиирии даста 2,5 миллион сомонӣ аз буҷаи вилоят ҷудо карда буд.

Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ