07:14 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
323 0 0

Зайниддин Зидан, сармурабии бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” мегӯяд, бозигаронаш тими “Барселона”-ро сазовор шикаст доданд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бошгоҳи шоҳонаи "Реал Мадрид" дар даври 26-уми чемпионати Испания дастаи "Барселона"-ро шоми рӯзи гузашта бо натиҷаи 2:0 шикаст дод.

Ин ғолибият ба бошгоҳи шоҳона имкон дод то бо як холи зиёдатӣ аз каталониҳо сарднишини ҷадвали мусобиқот гардад.

Бино ба иттилои сомонаи “Реал”, Зидан баъди бозӣ гуфтааст, ин ғолибият рӯҳияи моро афзун хоҳад кард.”Мо он чиро ки дар тули ҳафта мекардем, дар майдон анҷом додем. Ин ғалабаи сазовор аст, гарчанде ки он ба мо бо душворӣ ба даст омад, зеро рақиб низ хуб буд. Замони бозӣ бисёр лаҳзаҳои мушкил буд барои мо, ки ҳаводорон барои ин низ ҳоло танқид мекунанд, ки ин чизи нав нест”,-афзудааст Зидан.

Ба иттилои пойгоҳи Marca Зидан баъди ғалаба бар “Барселона” гуфтааст, баъди ғалаба дар "эл-классико" ҳама вақт эҳсоси хубе мекунам.

“Дар қисми аввали дидор барои "Реал" бозӣ бисёр вазнин буд. Дар қисми дуюми дидор бисёр бозии хуб нишон додем, махсусан ҳамлаварони бошгоҳ. Дар ин бозии муҳим болои рақиб фишор овардан барои мо бисёр хуб буд. Ба муқобили чунин дастаҳо бояд ҳамин тавр амал кардан лозим аст - фишор овардан хеле хуб аст. Агар ба “Барселона” иҷозаи бозӣ диҳед, пас бояд аз паси тӯб давед”.

Ӯ бо ситоиш аз Винисиус гуфт, ӯ дар ин лаҳза голи муҳимро ба дарвозаи рақиб зад. Мариано низ бисёр бозии хуб нишон дод. Ман аз ӯ хушҳолам Дар майдон ӯ бисёр ҳуҷумҳоро сохт, ҳарчанд барои ӯ ин мушкил буд, баромад ва гол зад.

Ба иттилои сомона, Кике Сетена, сармураббии тими “Барселона” гуфтааст, баъзан номуваффақиятӣ чизи маъмулӣ аст.

Ӯ гуфтааст, мехостем тӯбро зуд ҳаракат дарорем, то фишорро дур созем, аммо ин осон нест муқобили чунин бозигарон. Дар умум “Барселона” даври яккуми бозиро хуб гузаронид ва бозиро идора мекардем, вале баъдан партофтҳои нодуруст сурат гирифт ва тубҳо сар дода шуд.

Ҳамакнун бошгоҳи шоҳонаи "Реал Мадрид" бо касби 56 имтиёз ба садри ҷадвали Ла Лига баромад. Бошгоҳи “Барселона”-и каталонӣ бошад бо 55 имтиёз дар ҷойи дуюми қарор гирифт.

Ғолибияти бошгоҳи шоҳона бар каталониҳо дар ҳолест, ки қаблан аксар коршиносони соҳаи футбол ҳадс мезаданд, “Барселона” дар ин дидор баранда хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
гол, бозигар, футбол, Испания

Мавзӯъҳои асосӣ