19:32 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1019 0 0

Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори доғистонӣ гуфтааст, барои муҳориба бо муштзани шинохта Флойд Мейвезер зид нест, агар рақобат ҳам бо усули бокс ва ҳам муҳорибаи бидуни қоида ё худ ММА сурат гирад

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфтааст, бо муштзан Флойд Мейвезер, дар он сурат вориди майдон мешавад, ки рақобат 11 давр аз рӯи қоидаҳои бокс ва як давр аз рӯи муҳорибаи омехта (ММА) баргузор шавад.


"Шояд чизе монанди 11 даври бокс ва 1 даври MMA бошад. Агар ӯ мехоҳад муҳориба кунад,-марҳамат ба UFC! Ин ҷо, макони муҳорибаҳои воқеист. Медонед ман муштзан нестам. Ман натанҳо муборизам, балки размикори ММА ҳастам”,-афзудааст ба  TMZ Sports.

Ҳабиб ҳамчунин гуфтааст, ба синну соли Майвезер эҳтиром мегузорад, чун ӯ ҳамсинну соли падараш аст ва тасаввур карда наметавонад, чигуна ба рӯйи ӯ зарба бизанад.

Арзиши гаронтарин чипта ба муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон маълум шуд

Ёдовар мешавем, Ҳабиб ҳоло барои рақобат бо Тони Фергюсон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар  Ню Йорк доир мешавад, омодагӣ мегирад.

Қаблан падар ва мураббии Ҳабиб гуфтат буданд, ки ӯ баъди муҳориба бо Фергюсон, Майвезер ва Сен-Пейр ба карерааш нуқта хоҳад гузошт.

Барчаспҳо:
бокс, Нурмуҳаммедов, Россия

Мавзӯъҳои асосӣ