23:17 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
61 0 0

Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/ Уқёнус сар аз имрӯз дар шаҳри Урдун шурӯъ шуда то 11 - уми моҳи март давом хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар натиҷаи қуръакашии ин мусобиқа, ҳарифони муштзанҳо тоҷик дар даври аввал муайян гардиданд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, миёни мардон имрӯз Мирзомуҳаммад Бахтиёр бо варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинҷеа Ким вориди майдони рақобат мешавад.

Зимнан, рӯзи 4-уми март Шуҳрат Сабзалиев бо варзишгари Муғулистон Енхмандах Хархуу, ва Шералӣ Мамадалиев бо Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон қувваи бозу меозмоянд.

Мусобиқаи олимпии бокс аз Чин ба Урдун мунтақил шуд

Рӯзи 5-уми март бошад, Баҳодур Усмонов дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Арген Қодирбек уулу (Қирғизистон) / Санил Шаҳӣ (Непал), ва  Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон рақобат мекунанд.

Давлат Болтаев рӯзи 6 - уми март бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, ва Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав, 7-уми март Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг ҳарб мекунанд.
Рақобат миёни бонувон аз 4 - уми март сар шуда то 7 - уми ҳамин моҳ идома меёбад. Ҳарифони бонувони тоҷик аз Австрия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Урдун хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа, 250 варзишгар аз 40 давлат иштирок мекунанд.

Барчаспҳо:
рақибон, зӯрозмоии муштзанҳо, Урдун

Мавзӯъҳои асосӣ