18:14 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Федератсияи байналмилалии ҷудо бо изҳори таассуф иттилоъ додааст, ки бинобар сабаби авҷи вируси корона дар ҷаҳон, Гран Прии Работ дар Марокаш доир намешавад

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Гран Прии Работ дар Марокаш 6-8 март ба нақша гирифта шуда буд, хабар додаст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Ҳукумати  Марокаш дар бораи лағви ҳамаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, намоишҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ қарор қабул кардааст.

"Мо аз ҳамаи шахсони манфиатдор, аз ҷумла варзишгарон ва ҳайатҳои расмии давлатҳо барои пеш омадани ҳолати ногаҳонӣ узр мепурсем", - омадааст дар сомонаи расмии Федаратсияи байналмилалии дзюдо.

Дар Марокаш 1 ҳолати гирифторшавӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Федератсияи байналмилалии ҷудо аккредиятатсияи варзишгаронро ҷиҳати иштирок дар Гран Слами Екатеринбург, рӯзҳои 13-15 март то 12 март идома медиҳад.

Барои иштирок дар Гран Прии Работ аз ҷумла дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар номнавис шуда буданд.

Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, шумораи гирифторони вируси COVID-19 дар 74 давлат, ба ҳолати 4 март ба 93 ҳазор 129 нафар расидааст, ки аз ин 50 ҳазору 681 нафар табобат ёфта, 3198 нафар фавтидаанд. Бар иловаи давлати Чин, ки вирус аз ин ҷо сар зад, вазъият дар давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Эрон ваҳим арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
лағв, мусобиқа, дзюдо, варзиш, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ