14:23 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо якачини Муғулистон, ки мебоист 26 март доир шавад, бо сабаби паҳншавии коронавирус ба вақти номуаян гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дафтари матбуотии Федератсияи байналмилалии футбол дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, тасмими мазкур дар робита ба паҳншавии коронавирус аз ҷониби ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик бо аъзоёни КФО машварат доир мегардад ва пас аз он санаи баргузории бозӣ дақиқ хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд, заомони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2023 низ тағир дода хоҳад шуд.

Барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон- 2022  дар қитъаи Осиё 46 даста миёни ҳам рақобаит мекунанд, ки он 16 ноябри соли 2021 хотима меёбад ва пас аз натиҷагирии он чор даста барои Ҷоми Ҷаҳон интихоб мешаванд.

Ёдовар мешавем санаи 26 март ҳамчунин бозии тимҳои Япония - Мянмар, Бангладеш-Афғонистон, Эрон-Ҳонгконг, Хитой-Малдив, Кореяи Ҷанубӣ-Туркманистон ва чан дастаи дигар ба нақша гирифта шуда буд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи сеи гурӯҳи “F” қарор дошта, баъд аз дастаҳои Ҷопон ва Қирғизистон меистад.

Барчаспҳо:
бозӣ, Футбол, мунтахаби Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ