08:21 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1448 0 0

Бозии даври аввали футбол барои дарёфти Ҷоми AFC– 2020 байни ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар варзишгоҳ бе иштироки тамошобинон доир карда мешавад

ДУШАНБЕ, 8 март — Sputnik. Cомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин дастур аз сӯи Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ, бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳолатҳои сироятёбӣ аз маризии коронавирус роҳандозӣ карда мешавад.

“Ба хотири беҳдошти саломатии мардум, Вазорати тандурусии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳои дастаҷамъонаро дар ҳудуди мамлакат манъ кард. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, қарор баровард, ки бозии байналмилалӣ бо иштироки ду дастаи кишварро бе иштироки мухлисон баргузор намояд”,  - иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.

Аммо ФФТ иттилоъ додааст, ки аз ин тасмим на бояд мухлисон ноумед шаванд, зеро ин бозии футболро шабакаҳои телевизионии кишвар “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим пешкаши тамошобинон карда метавонанд. Қарор аст, дар доираи бозиҳои Ҷоми КФО ё AFC – 2020 дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” и Тоҷикистон бо ҳам сабқат кунанд.

 Баргузории бозӣ миёни ин ду дастаҳо рӯзи 11- уми март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст. Зимнан ин нахустин баргузории бозии футбол бе иштироки тамошобинон ба ҳисоб меравад, ки бо мақсади ҳифз ва пешгирӣ аз маризии коронавирус гуфта мешавад.

Чанде пеш тибқи як дастури Шӯрои уламои кишвар хондани номоз дар масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ муваққатан манъ карда шуд. Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон дар бораи сапт нашудани мавриди сирояти коронавирус дар кишвар таъкид меварзанд.

Барчаспҳо:
тамошобинон, Варзишгоҳ, варзиш, Хуҷанд, истиқлол, Футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ