06:35 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Роҳбарияти Иттиҳоди ассосиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) бо сабаби паҳншавии коронавирус тасимим гирифтааст дастфишории футболбозон пеш аз бозӣ манъ карда шавад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳи расмии УЕФА, чунин қарор барои бозиҳои Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо дахл дорад, ки дар пайи он бозигарон наметавонад пеш аз бозиҳо дасти ҳам фишоранд.

Иттиҳоди ассосиатсияҳои футболи Аврупо гуфтааст, аз ин пас футболбозон дар рафти бозиҳои таҳти сарпарастии УЕФА бо рақибон ва доварон дастфишурӣ нахоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ин тасмим ба ҳама бозиҳои мусобиқаҳои УЕФА (Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо) рабт дорад ва он дар асоси тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои паст кардани сатҳи сирояти коронавирус гирифта шудааст.

Таъсири коронавирус ба тамоми қишри варзишӣ то ҳадде расид, ки баъзе аз мусобиқоти бонуфуз пеш аз муҳлат хотима ёфта, баргузории иддаи дигар ба вақти дигар гузошта шуд. Ҳамчунин бозиҳои футбол низ дар баъзе аз кишварҳои Аврупову Осиё барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ бидуни тамошобинон доир мегардад.

Барчаспҳо:
дастфишорӣ, Футбол, Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА

Мавзӯъҳои асосӣ