06:52 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
139 0 0

Имсол то 30 апрел мусобиқаҳои Гранд Слами Екатеринбург, Гран Прии Тбилиси, Гран Прии Анталия ва мусобиқаҳои қитъавӣ баргузор намешаванд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бинобар сабаби авҷ гирифтани коронавирус баргузории мусобиқаҳоро то 30 апрели соли 2020 лағв кард.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз қавли Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мегӯяд, дар робита ба идомаи авҷи вируси COVID-19 дар ҷаҳон ва бад шудани ҳолат дар бисёр давлатҳо, сафар кардан ба кишварҳо хатарнок шудааст ва бинобар ин, ҳар гуна чорабинии ҷамъиятӣ лағв шуда истодааст.

Футбол бидуни дастфишорӣ: тасмими УЕФА барои пешгирӣ аз коронавирус

"Мо низ барои ҳимояи оилаи ҷудочиён, ҳамчунин дидани чораҳо барои бехатарӣ ҷиҳати барҳам додани мусобиқаҳо қарор қабул кардем”, - омадааст дар баёнияи IJF.

Футбол бе тамошобинон: дастури Рустами Эмомалӣ дар бораи бозии “Истиқлол” ва “Хуҷанд”

Тибқи ин қарор то 30 апрел мусобиқаҳои ҷудо, аз ҷумла Гранд Слами Екатеринбург, Гран Прии Тбилиси, Гран Прии Анталия ва мусобиқаҳои қитъавӣ баргузор намешаванд.

Барчаспҳо:
лағв, варзиш, вирус, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ