22:54 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
110 0 0

Чор дастаи футболи  Тоҷикистон “Хуҷанд”-и (Хуҷанд), “Регар-ТадАЗ”-и (Турсунзода), “Куктош”-и (Рӯдакӣ) ва “Истаравшан”-и (Истаравшан) дар  муслбиқоти Лигаи Узбекистон ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, ин дастаҳо алакай таъйид карданд, ки дар мусобиқоти кишвари ҳамсоя ширкат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, иштироки дастаҳои футболи кишвар бо даъвати Иттиҳодияи футболи Узбекистон сурат гирифта, дар он ҳамчунин дастаҳо аз Қирғизистон низ ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар баробари дастаҳои “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ”, “Куктош” ва “Истаравшан”-и Тоҷикистон тимҳои  “Дордой” (Бишкек), “Алай”, “Каганат” ( Ош) ва “Абдиш-Ата” (Кочкор-Ата)-и Қирғизистон ширкат мекунанд.

Ҷоми Лигаи Узбекистон-2020 дар шаш давра доир гашта, 7 апрел оғоз ёфта даври финалии он 26 август баргузор мешавад.

Ҷоми Лигаи Узбекистон бори нахуст соли гузашта доир гашта, имсол эълон карданд, ки дар он дастаҳо аз кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд ширкат кунанд ва барои ин ба кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дархост ирсол кардаанд.

Барчаспҳо:
футбол, Узбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ