09:58 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Бозии дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро шоми гузашта дар Варзишгоҳи шаҳри Душанбе бидуни тамошобинон доир гашт

ДУШАНБЕ, 12 март – Sputnik. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро дар нахустин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 шикаст дод.

Бозии “Истиқлол” ва “Хуҷанд” шоми гузашта дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бидуни тамошобинон доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт.

Ду голи беҷавоби тими “Истиқлол”-ро ҳамлагари даста Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.

Дастаи  “Истиқлол” баъди шикаст додани “Хуҷанд”дар нахустин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 бо се имтиёз дар садри гурӯҳи “D” нишаст.

Дар даври дуюми бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 тими “Хуҷанд”

бо "Дордой"-и Қирғизистон ва “Истиқлол” бо "Алтин Асир"-и Туркманистон рақобат мекунанд.

Ҳайати дастаҳо дар бозии мазкур аз ин қабил буд:

Дастаи “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббии тозатаъйин Виталий Левченко аз ин қибил буд: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+1), Алишер Ҷалилов, Хуршед-Темур Ҷӯраев, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Воҳид Оразсахедов, 66), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 88).

Ҳайати “Хуҷанд” бошад бо роҳбарии сармураббӣ Никола Лазеревич аз ин қабил буд: Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Алишер Баротов (Манучеҳр Аҳмадов, 84), Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Сафаров, 74), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Санҷар Рихсибоев, Комрон Мирзонаҷот, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Бозоров, Андрей Сидоров (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 62).

Барчаспҳо:
тими футболи "Хуҷанд", "Истиқлол", Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ