08:12 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Намояндагони Кумитаи ҷавонон ва Варзиш ва ҳамзамон хешу пайвандон ва мухлисони Баҳодур ва Шаббос, онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе гарм истиқбол гирифтанд

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Варзишгарони маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоевро, ки субҳи 14 март аз Урдун ба Ватан баргаштанд, масъулони соҳаи варзиш, пайвандон ва ҳаводорон сазовор пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов, дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё – Уқёнус дар марҳилаи бокс-офф Ашкон Ризоӣ, варзишгари Эрониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, роҳхати олимпиро ба даст оварда буд.

Ҳамчунин, Шаббос Негматуллоев бо Санчин Кумар дар вазни 81 кило рақобат карда, бо ҳисоби 5:0 пирӯзиро ба даст овард ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.

Шаббос ва Баҳодур ду варзишгари маъруф мебошанд, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 муаррифӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ