02:17 01 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
110 0 0

Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон гуфт, Олимпиада - 2020 дар Токио бо вуҷуди хатарҳои бархоста аз вируси кушандаи корона тибқи барномарезӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Нахуствазири Ҷопон пеш аз ин низ эълом карда буд шуюи коронавирус дар марҳилае нест, ки давлатро маҷбур ба эъломи вазъи изтирорӣ кунад, хабар дод Парстудей.

Ба иттилои манбаъ, Абе дар як конфронси хабарӣ дар Токио афзуд, коршиносони умури беҳдошт ва дармон ба ин натиҷа расидаанд, ки Ҷопон шоҳиди афзоиши зиёди мубталоёни коронавирус набудааст, бино бар ин эъломи вазъи изтирорӣ дар ин кишвар зарурӣ нест.

Бар ин асос, 1423 ҷопонӣ, ки 697 тан аз онҳо дар киштии Даймонди принсес буданд, ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ҳамчунин 28 нафар аз ҷумла 7 нафар аз мусофирони жопонии ин киштӣ, бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Коронавирус охирҳои соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд. Ин вирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 140 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Барчаспҳо:
Ҷопон, Олимпиада, варзиш, Ҷаҳон, ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ