Муҳаммадхуҷа Ёқубов бо тахаллуси "Шер" мавқеашро дар раддабандии WBC ду зина беҳтар кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Академияи санъати ҳарбии Ширкати Мисии РусияБоксер из Таджикистана Мухаммад Якубов
Боксер из Таджикистана Мухаммад Якубов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани маъруфи тоҷик дар раддабандии нави созмони WBC мавқеашро ду зина беҳтар карда дар ҷойи панҷум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бар пояи раддабандии нави созмон WBC Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани шикастнодидаи тоҷик, пас аз ҳимояи унвони қаҳрамонӣ ду зина боло рафта, аз  ҷойи ҳафтум ба зинаи панҷуми феҳраст баромад.

Ёдовар мешавем Муҳаммадхуҷа Ёқубов, дар мусобиқаи “RСС boxing Promotions”, ки 7-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир гардид, бори чорум камарбанди “WBC International”- ро ҳифз кард.

Ӯ дар мусобиқаи “Шоми ситораҳо”, ки бори 35-ум доир гардид, Томас Рохаси мексикоиро мағлуб сохт, ки ин  16-умин пирӯзии муштзани тоҷик дар бокси ҳирфаӣ мебошад. 

Қаблан ӯ  15 рақобатро пушти сар карда, 9 тоашро бо нокаут анҷом додааст.

Ёқубов 31-уми марти соли 1995 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, бори нахуст дар бокси ҳирфаӣ соли 2015 ширкат кардааст.

Номбурда бо тахаллуси “Шер” ба майдон баромада то имрӯз, камарбандҳои мусобиқоти WBC, WBA, IBF ва WBO ба даст овардааст. Номбурда дорои шаҳрвандии Тоҷикистону Русия буда, ҳоло дар шаҳри Сургути Русия кор ва тамрин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0