Расман: муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон ба таъхир афтод

© AP / John LocherПрезидент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном и Хабибом Нурмагомедовым. Архивное фото
Президент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном и Хабибом Нурмагомедовым. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмондиҳандагон маҷбур шуданд, ки мусобиқаи UFC 249-ро дар Ню-Йорк аз сабаби хатари паҳншавии коронавирус пурра  қатъ кунанд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ бо рақиби амрикоияш Тони Фергюсон дар шаҳри Ню -Йорк расман қатъ шуд.

Тони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Дана Уайт гуфт, эҳтимол рақобати Ҳабиб ва Тонӣ лағв шавад

Дар ин бора дафтари матбуотии  мусобиқоти UFC хабар дода, гуфтааст, рақобати Ҳабиб ва Фергюсон дар Ню - Йорк доир намешавад.

Ба иттилои манбаъ, ташкилкунандагони ин рақобати сол маҷбур шудаанд, ки мусобиқаи UFC 249- ро бинобар сабаби паҳншавии коронавирус қатъ намоянд.

"Ин тасмим тибқи дастурҳои Комиссияи давлатии варзишии Ню-Йорк (NYSAC), инчунин бо маҳдудиятҳои иёлоти Ню-Йорк, ки гузаронидани чорабиниҳои оммавиро манъ мекунад, қабул карда шуд", - гуфтаанд дар UFC.

Аз аввал мебоист муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммад қаҳрамони UFC ва Тони Фергюсон 18 апрел дар Ню - Йорк доир шавад.

 Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб гуфт, чигуна Фергюсонро "мешиканад": Ман барои пирӯзии пеш аз муҳлат нақша дорам

Ҳоло кумитаи тадорукоти UFC дар бораи сана ва макони нави мусобиқаи UFC 249 қарор қабул мекунад, ки дар куҷо ва чигуна бояд доир шавад.

"Ба мо гуфтанд, ки дар толор набояд аз 10 нафар зиёд ҳузур дошта бошад, ки ин ғайриимкон аст. Мо ин корро карда наметавонем. Мо ҳама талаботи табибон ва ҳукуматро иҷро кардем, аммо ҳоло дигар илоҷ надорем, ба ғайр аз таъхиргузории мусобиқа” ,- гуфтааст раҳбари UFC Дана Уайт.

Ҳафтаи гузашта Уайт аз ҷустуҷӯйи макони нав барои қувваозмоии Нурмуҳаммадов ва Фергюсон хабар дода гуфт, эҳтимолан ин муҳориба бидуни тамошобин ва берун аз Амрико доир шавад.

Лентаи хабарҳо
0