Видеои куштии асосии наврӯзӣ: аз худдории Қувватовҳо то шикасти Шайхову мошингирии Раҳимов

© Sputnik / Стас ЭтвешБорьба гуштингири, архивное фото
Борьба гуштингири, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Телевизиони “Варзиш” навори сабқатҳои асосии куштии наврӯзӣ барои Ҷоми пойтахтро нашр кард. Дар куштии наврӯзии имсола дар вазни сабук бародарон Қувватовҳо аз сабқат байни ҳам худдорӣ карданду дар вазни мутлақ Раҳимов шоҳҷоиза гирифт

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Барои шоҳҷоиза - автомобил рақобат байни варзишгарони аз 80 кило боло сурат гирифт. Дар ин рақобат Темур Раҳимов нисбати Шакармамад Мирмамад бартарӣ нишон дода шоҳҷоиза ва Ҷоми пойтахтро ба даст овард. Ҷойи сеюм насиби Саидҷалол Саидов шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Дар сабқатҳо аз рӯи вазн, дар гуруҳи зиёда аз 100кг Темур Раҳимов пас аз пирӯзӣ бар Шакармамад Мирмамадов медали тиллоро ба гардан овехт. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Суҳроб Муҳаммадиев Фарҳод Шайховро мағлуб кард.

Медали тиллои вазни 90кг-ро Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар финал Зафар Олимшоевро шикаст дод. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Комрон Карликов бар Балаҷон Бегов ғолиб шуд.

Дар вазни 100кг Шамшод Абдуллоев дурахшид. Ӯ дар финал Саидҷалол Саидовро мағлуб кард. Медали биринҷиро Фирдавс Насимов пас аз ғалаба бар Хуршед Маҷидов соҳиб гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар маҷмуъ дар ин мусобиқа, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуд, 209 паҳлавони ҷумҳурӣ дар ҳайати 8 даста иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи аввал қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ дар 8 категорияи вазнӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври финалӣ, ки рӯзи дуюм доир шуд, роҳхат гирифтанд.

Победитель в борьбе куштигири Саиджалол Саидов  - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми сабқати наврӯзии паҳлавонҳо: соҳиби “Мерседес” маълум шуд

Ба финали вазни 60кг ду бародар – Муҳаммадризо ва Муҳаммадсолеҳ Қувватовҳо роҳ ёфтанд ва медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ ба Муҳаммадризо туҳфа кард. Ҷои сеюмро дар ин вазн Муслимбек Каримов пас аз пирӯзӣ бар Ҷомии Ҳасан ишғол намуд.

Дар вазни 65кг Ёқубҷон Боқиев нисбат ба ҳарифон пурзӯр буд. Ӯ дар финал бар Идибек Сафаров ғолиб омад. Медали биринҷӣ насиби Баҳром Суфиев гардид, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Хайрандеш Муродзодаро мағлуб намуд.

Субҳиддин Халилзода пас аз пирӯзӣ бар Муҳаммадисо Раҷабов медали тиллои вазни 70кг-ро сазовор шуд. Медали биринҷӣ насиби Шаҳзод Воҳидов гашт.

Фарёд Шайхов, паҳлавони номӣ аз сулолаи Шайховҳо, ғолиби куштии наврӯзӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони ҷавон аз сулолаи Шайховҳо мошини “BMW”-и раиси ВМКБ-ро соҳиб шуд

Дар даври финалии вазни 75кг паҳлавонони шинохта куштӣ гирифтанд. Деваштич Убайдӣ пас аз пирӯзӣ бар Мубориз Мунавваров ҷои аввалро ишғол кард. Медали биринҷиро Қандил Саидов ба даст овард.

Қувваозмоиҳои вазни 80кг низ ҷолиб сурат гирифта, дар даври ниҳоӣ Раҳматулло Фарҳодов нисбат ба Саидмухтор Расулов бартарӣ нишон дод. Медали биринҷии ин вазн насиби Оламафрӯз Абдураҳмонов гардид, ки дар баробари Ҳайдар Сайкабирзода дастболо шуд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.

Лентаи хабарҳо
0