11:40 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0

Бозиҳои олимпии соли 2020 бояд дар пойтахти Ҷопон аз 24 июл то 9 август баргузор мешуданд, аммо ноустувории вазъи эпидемиологӣ дар дунё ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки дар бораи лағви баргузории он фикр кунад

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) мавқуф гузоштани Бозиҳои тобистонаи олимпиро дар Токио эълон карду гуфт, он ба соли 2021 гузаронида шуд.

Дар ин бора Кумитаи байналмилалии олимпӣ изҳороти расмӣ пахш кардааст.

Гуфта мешавад, идеяи як сол ба таъхир гузоштани Олимпиадаро сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ зимни гуфтугӯҳои телефонӣ бо президенти КБО Томас Бах иброз дошт.

Дар натиҷаи гуфтугӯ ҷонибҳо ба натиҷа расидаанд, ки Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио тобистони соли оянда бо номи ҳозирааш  "Токио 2020" доир шавад.

"Дар мавриди номи бозиҳо бошад мисли ҳозира - Токио 2020 боқӣ хоҳад монд. Оташи олимпӣ, ки аллакай дар Ҷопон аст, рамзи пирӯзӣ бар коронавирус хоҳад шуд",- гуфт губернатори Токио Юрико Коике.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мебоист аз 24 июл то 9 августи соли равон дар Токио баргузор шавад, аммо бо сабаби сирояти сартосарии коронавирус он лағв гардид.

Барчаспҳо:
лағв, Токио, Олимпиада

Мавзӯъҳои асосӣ