05:44 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Дар робита ба хуруҷи даҳшатовари маризии коронавирус дар ҷаҳон, бозиҳои олимпии Токио ба вақти дигар гузаронда шуд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Сарвазири Ҷопон Абэ Шинзо дар масъалаи ба вақти дигар гузаронидани Бозиҳои олимпии Токио ба мувофиқа расиданд.

Бар тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, бозиҳо на дертар аз тобистони соли 2021 доир баргузор мегардадн. Феълан санаи дақиқи баргузории мусобиқот эълон нашудааст.

Чунин қарор дар натиҷаи суҳбати телефонии Томас Бах ва Абэ Шинзо бо иштироки раиси Кумитаи тадорукоти "Токио-2020" Йоширо Морӣ ва дигар шахсони масъули омодагӣ ба бозиҳо гирифта шуд.

Шаббос Негматуллоев дуввумин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард

Тавре сомонаи расмии КБО хабар додааст, зимни суҳбат ҷонибҳо аз авҷ гирифтани маризии коронавирус изҳори нороҳатӣ карданд. Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ҷаҳон беш аз 470 000 нафар сироятёфтагони вируси корона ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 21000 нафар фавтидаанд.

" Дар асоси вазъи ногувори ҷаҳон ва маълумоти СҶБ, президенти КБО ва сарвазири Ҷопон ба мувофиқа омаданд, ки санаи баргузории Бозиҳои олимпии Токио тағйир дода шавад. Мусобиқаҳо ба хотири амният ва саломатии варзишгарон, ҳамчунин ҳамаи онҳое, ки барои баргузории мусобиқаҳо ҷалб гардидаанд, дар муҳлати дигар, вале на дертар аз тобистони соли 2021 доир мегарданд", - омадааст дар изҳороти КБО.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки оташи олимпӣ дар Ҷопон мемонад, номи чорабинӣ ҳамчун Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳифз карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ