22:36 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё дар Аичӣ-Нагая (AINAGOC) рамзи расмии 20-ум Бозиҳои Осиёро дар соли 2026 муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. AINAGOC барои таҳияи дизайни рамзи бозиҳо соли 2019 озмун эълон кард ва 884 амал пешниҳод шуд.

 Гурӯҳи корӣ доир ба интихоби рамзи Бозиҳои Осиё-2026 амали дотсенти кафедраи дизайни факултаи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи Аичӣ Сангйо Ҳироши Мияшитаро пазируфт.

Шарҳ дода шуд, ки дар хати марказ аломатҳо бо рангҳои бунафш, тиллоӣ ва сабз тасвир ёфтааст ва образеро нишон медиҳад, ки одамон бо ҳам ба сӯи оянда – ба офтоби сурхи равшан, нишони Шӯрои олимпии Осиё – ҳаракат доранд.

Баъди голборон: куштигири маъруфи тоҷик бемор шуду ба майдон набаромад

Ҳар ранги истифодашуда хусусияти хос дорад. Ранги бунафш ҳамчун тасвири анбиё истифода шудааст, ки гули муқаддамотӣ дар Аичӣ мебошад. Ранги тиллоӣ бошад, рамзи қалъаҳои Нагая аст. Ранги сабз огоҳии баланди аҳолии Аичӣ ва Нагая доир ба масъалаи муҳити зистро ифода мекунад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки "Рамз ҳарфҳои аввали Asia, Aichi, Nagoya-ро низ ифода менамояд. Бо истифода аз аломати ранги бунафш бо хати марказ шумо метавонед ҳарфи "А" ва аломатҳои бунафш ва тиллоӣ ҳарфи "N"-ро мушоҳида кунед".

Мавзӯъҳои асосӣ