Пирӯзии волейболбозони ноҳияи Восеъ дар шаҳри Кӯлоб

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВолейбол, архивное фото
Волейбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъбо бо ҳисоби 15 бар 13 тими шаҳри Кӯлобро шикаст дода, ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷои якум гардид

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik.  Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни Наврӯз байни мардон мусобиқаи волейбол баргузор гардид, ки дар даври ниҳоии он 4 даста бо ҳам рақобат карданд.

Даври минтақавии мусобиқаи волейбол байни мардон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҷараён гирифт ва чор дастаи беҳтарин барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар даври ниҳоӣ бо ҳам сабқат карданд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад.

Таҷлили Рӯзи раисҷумҳур дар Дубай - Sputnik Тоҷикистон
Волейбол ва ғизоҳои миллӣ: дар Дубай Рӯзи Раисҷумҳур таҷлил шуд

Барои ишғоли зинаи сеюм дастаи  ноҳияи  Мӯъминобод бо дастаи дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб рақобат кардаанд. Дар натиҷа дастаи ноҳияи  Муъминобод ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб шудааст. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб хеле ҷолиб  идома ёфт, ки беҳтарини волейболбозон дар ҳайати ин дастаҳо ба ҳам оварда шуданд.

Ҳарчанд дар даври аввал дастаи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 25 бар 18 ғолиб омада бошад ҳам, дар даврҳои дигари ин дидор дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ тавонистанд бартариро ба даст гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба пеш бароянд.

Дар даври чоруми бозӣ  дастаи шаҳри Кӯлоб тавонист ҳисоби бозиро баробар созад ва ниҳоят дар даври панҷуми бозӣ бо ҳисоби 15 бар 13 дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷои якум гардид.

Дастаи ноҳияи Муъминобод баро ишғоли мақоми сеюм бо медалҳои биринҷӣ, тими шаҳри Кӯлоб барои ишғоли мақоми дуюм бо нишон ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуд.

Дастаи ноҳияи Восеъ низ бо нишон ва ифтихорномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб барои ноил гардида, роҳхати даври ҷумҳуриявии мусобиқаро низ ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0