17:07 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
303 0 0

Дар мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони  кишвар аз ҷумла Темур Раҳимов, Саидҷалол Саидов, Шамшод Абдуллоев, Комроншоҳи Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, Фарёд Шайхов ва дигарон назар аст

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Рӯзи 4 апрел  дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи  Ховалинги вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи куштии миллӣ баргузор мегардад.

Ин сабқат бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва соҳибкорони ин ноҳия баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

"Дар мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони  мамлакат,   аз ҷумла Темур Раҳимов, Саидҷалол Саидов, Шамшод Абдуллоев, Комроншоҳи Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, Фарёд Шайхов, Фирдавс Насимов, Саидҷамол Алимардонов ва дигарон дар назар аст. Паҳлавонони шуҳратёри тоҷик барои ду Шоҳҷоиза-мошинҳои сабукрави «Mercedes-Benz» ва «Opel» байни ҳам мубориза мебаранд", - омадааст дар хабарнома.

Видеои куштии асосии наврӯзӣ: аз худдории Қувватовҳо то шикасти Шайхову мошингирии Раҳимов

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ноҳияи Рашт мусобиқаи куштии миллӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор  гардид. Дар ин сабқат паҳлавон Шамшод Абдуллоев дастболо шуда, соҳиби Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес Бенз»  гардид.

Шоҳҷоиза соҳибашро ёфт:"Toyota Avalon" насиби Темур Раҳимов шуд

Барчаспҳо:
сабқат, мусобиқа, мусобиқа, Ховалинг

Мавзӯъҳои асосӣ